Cозишномаи истифодабарӣ


Cозишномаи истифодабарӣ ҳуҷҷати ҳатмии ҳуқуқӣ буда, шартҳоеро, ки ба воситаи онҳо роҳбарӣ кардан бо истифода аз портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- и ФГБОУ ВО “Институти давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин”- и дар Интернет бо суроғаи www.pushkininstitute.ru. ҷойдодашуда зарур мебошад, муқаррар менамояд.
Дар портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” қорӣ кардани бақайдгузорӣ ва истифода кардани хидматгузориҳое, ки портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” пешниҳод кардааст, Шумо розигии пурраи худро, бе ягон маҳдудият, ба шартҳои Созишномаи истифодабарӣ тасдиқ менамоед. Дар ҳолати норизоӣ бо ин шартҳо Истифодакунанда бояд аз истифодаи портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” худдорӣ намояд.

1. Иттилоот оид ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”
1.1 Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” бо мақсади муттаҳид кардани доираи амалиёти таълими дистансионии забони русӣ, низоми такмили дистансионии ихтисоси омӯзгорони забони русӣ, низоми умумии онлайн-курсҳо бо забони русӣ барои нафарони синну соли гуногун, ки забони русиро меомӯзанд ва шабакаи иҷтимоӣ барои муносиботи мавзӯии истифодабарандагони портал бунёд гардидааст.
1.2 Портал “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” хидматгузориҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1.2.1 Иттилоот дар хусуси фаъолияти Институти давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин, низоми таълим дар ФР, хабарҳо ва чорабиниҳои дар соҳаи омӯзиши забони русӣ;
1.2.2 таълими дистанционии забони русӣ ба дараҷаҳои гуногуни истифодабарандагон;
1.2.3 такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ;
1.2.4 муайян кардани дониши забони русӣ барои ҳамаи хоҳишмандон.
1.4 Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дар сети бузурги Интернет бо суроғаи www.pushkininstitute.ru. ҷой дода шудааст.
1.5 Молик ва роҳбари шабакае, ки дар он Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷой дода шудааст, ФГБОУ ВО- и “Институти давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин” (минбаъд - Институт), ки дар мувофиқат бо қонунгузории Федератсияи Россия бунёд ёфтаааст ва фаъолият мекунад, ба ҳисоб меравад.

2. Қоидаҳои умумӣ
2.1 Мазмуни Созишномаи кунунии истифодабарӣ иборат аст аз дар ихтиёри Институт гузоштани шахсе, ки дастрасӣ ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро тавассути Интернет (минбаъд - Истифодакунанда), дастрасии истифодаи Портал ва хидматгузориҳои онро мувофиқи шартҳои дар Созишномаи истифодабарӣ қайдшуда пайдо бикунад.
2.2 Фаъолияти Созишномаи кунунии истифодабарӣ дар тамоми иттилоот, мавод, сервисҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” паҳн мегардад, шаклҳои дигари ояндаи он дар тамоми иттилоот, мавод, сервисҳое, ки минбаъд дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ба табъ мерасанд, ҳамчунин, дар тамоми фаъолиятҳое, ки Истифодакунанда зимни истифодаи иттилоот, мавод, сервисҳои дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷойдодашуда мегузаронад ва истифодаи иттилоот, мавод, сервисҳое, ки минбаъд дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ба табъ мерасанд, паҳн мегардад.
2.2 Муносибати Институт ва Истифодакунанда метавонанд ба таври иловагӣ бо ҳуҷҷатҳои алоҳидаи Институт ба танзим дароварда шаванд. Истифодаи чунин ҳуҷҷатҳои иловагӣ фаъолияти Созишномаи кунунии истифодабариро қатъ карда наметавонанд.
2.3 Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” контентро, ки дастрасӣ ба он пулӣ аст, дар ихтиёр мегузорад. Муносибати Институт ва Истифодакунанда оид ба дарихтиёргузории контенти пулӣ ба таври иловагӣ аз рӯйи шартномаи мустақил, ки байни ФГБОУ ВО “Институти давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин” ва Истифодакунанда баста мешавад, ба танзим дароварда мешавад.
2.4 Созишномаи истифодабарӣ метавонад бе ягон огоҳии махсуси Истифодакунанда такмил ёбад ва тағйир дода шавад. Таҳрири нави Созишномаи Истифодабарӣ аз лаҳзаи пахши он дар сети Интернет бо суроғаи дар п. 14 нишондодашуда эътибор пайдо кунад, агар бо таҳрири дигари нави Созишномаи Истифодабарӣ чизи дигаре дар он ба назар гирифта нашавад. Истифодаи минбаъдаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” пас аз тағйироти Созишномаи истифодабарӣ розигии Истифодакунандаро бо ин тағйиротҳо ва ё иловаҳо мефаҳмонад. Агар истифодакунанда ба риои Созишномаи кунунии Истифодабарӣ ризо нест, вай бояд истифодаи хидматгузориҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро қатъ намояд.

3. Бақайдгузорӣ ё корти баҳисобгирии Истифодакунанда
3.1 Истифодакунанда барои он ки аз хидматгузориҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” истифода намояд, ӯ бояд аз тартиби бақайдгузорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он барои Истифодакунанда баҳисобгирии ягонаи қайдҳои истифодабаранда тартиб дода мешавад ва ба вай логин ва рамз (паролӣ) барои дастрасӣ пайдо кардан ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дода мешавад
3.2 Ҳангоми азқайдгузарӣ Истифодакунанда вазифадор аст, ки дар бораи худ иттилооти дуруст ва пурраро оид ба саволҳое, ки дар ҳуҷҷати азқайдгузарӣ сабт ёфтаанд, пешниҳод намояд ва ин иттилоотро дар ҳолатҳои муҳим ҷонибдорӣ намояд. Агар Истифодабаранда иттилооти нодурустро пешниҳод менамояд ё Институт асос дорад фарз намояд, ки иттилооти пешниҳодкардаи истифодакунанда пурра ва ё дуруст нест, Институт ҳуқуқ дорад мувофиқи салоҳдиди худ ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунандаро муҳосира ё нест гардонад ва истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро аз ҷониби Истифодакунанда манъ намояд.
3.3 Институт ҳуқуқ дорад дар ҳама лаҳза аз Истифодакунанда тасдиқи нишондодеро, ки қайд кардааст, талаб намояд ва дар алоқа бо ин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро, ки пешниҳод накардани онҳо баробари пешниҳод кардани иттилооти нодуруст аст, пурсон шавад ва ӯро бо оқибатҳои дар п. 3.2- и Созишномаи Истифодабарӣ сабтшуда ҷалб намояд.
3.4 Маълумотҳои шахсии дар ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунанда нигоҳдошташаванда дар мувофиқат бо шартҳои Қоидаҳо оид ба ҳифзи маълумотҳои шахсӣ (Сиёсат дар муносибати маълумотҳои шахсӣ) ва Сиёсати конфиденсиалӣ ҳифз ва коркард мешаванд.
3.5 Ҳангоми қайд Истифодакунанда мустақилона барои худ логин (номи ягонаи рамзии ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунанда) ва рамз барои дастрасӣ пайдо кардан ба ҳуҷҷати баҳисобгириро интихоб менамояд. Институт ҳақ дорад истифодаи логинҳои муайянро манъ намояд, ҳамчунин, ҳақ дорад талаботи барои логин ё рамз муқарраргардидаро муайян намояд (дарозӣ, рамзҳои иҷозатдодашуда ва ғ.).
3.6 Истифодакунанда ҳақ надорад логин ва пароли худро ба шахсҳои сеюм диҳад ва ҷавобгариро барои бехатарӣ ва таъмини конфиденсиалӣ (махфӣ) будани логин ва рамзи худ, ҳамчунин, ҳамаи фаъолиятҳои дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ки дар ҳуҷҷати баҳоисобгирии Истифодакунанда гузаронидааст, худаш ба зимма мегирад. Дар айни ҳол, ҳамаи фаъолиятҳои зери ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунанда маҳсули эҷоди худи Истифодакунанда ба ҳисоб мераванд, ғайр аз ҳолатҳое ки вақте Истифодакунанда мувофиқи тартиботи дар п. 3.7 нишондодашудаи Созишномаи кунунии Истифодабарӣ Институтро оид ба дастрасии ғайриқонунӣ ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” бо истифода аз ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунанда ва ё ҳама гуна вайронкуни (шубҳа дар вайронкунӣ)- и конфиденсиалӣ будани рамзи худ огоҳ менамояд.
3.7. Истифодакунанда вазифадор аст Институтро фавран оид ба ҳама гуна дастрасии ғайриқонунӣ ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва ё ҳама гуна вайронкуни (шубҳа дар вайронкунӣ)- и конфиденсиалӣ будани рамзи худ огоҳ намояд. Бо мақсади бехатарӣ, Истифодакунанда дар вақти анҷоми кор бо Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” вазифадор аст бехатар баанҷомрасии корро мустақилона дар ҳуҷҷати баҳисобгириаш (сервиси “Баромад”) сабт намояд. Институт ҷавобгариро дар эҳтимоли гум кардан ё вайрон шудани маълумотҳо, ҳамчунин, дигар пайомадҳои дорои ҳама гуна хусусиятҳо, ки бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои ин қисмати Созишномаи Истифодабарӣ аз ҷониби Истифодакунанда ба вуҷуд омадаанд, ба зимма намегирад.
3.8. Институт ҳуқуқ дорад ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунандаро муҳосира намояд ё нест кунад, ҳамчунин, дастрасӣ бо истифода аз ягон ҳуҷҷати баҳисобгирӣ ба сервисҳои муайяни Порталро манъ намояд ва ҳама гуна маводро бе фаҳмонидани сабаб нест гардонад, аз ҷумла, дар ҳолати аз ҷониби Истифодакунанда вайрон кардани шартҳои Созишномаи Истифодабарӣ ё шартҳои дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар Созишномаи кунунии Истифодабарӣ пешбинӣ шудааст.
3.9 Бо қабул кардани шартҳои Созишномаи кунунии Истифодабарӣ, Истифодакунанда тасдиқ менамояд, ки компютери вай ба талаботи минималии низомӣ ҷавобгӯ аст ва дар он яке аз браузерҳои нигоҳдошташаванда (Internet Explorer выше 10 версии, Mozilla Firefox выше 15 версии, Google Chrome выше 30 версии, Safari выше 8 версии.) ва Adobe flash-плеер насб гардидааст.

4. Шартҳои истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”
4.1 Институт ҳуқуқ дорад дар тартиби яктарафа иттилоот, мавод ва сервисҳоро дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” тағйир диҳад ё нест намояд. Институт ҳуқуқ дорад бе розигии Истифодакунанда Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро бо ҳар роҳ бо салоҳдиди худ дигаргун созад, аз ҷумла, дизайни Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, шартҳои расонидани хитматгузориҳоро тағйир диҳад, хидматгузориҳои нав пешниҳод намояд, расонидани хидматгузориҳоро қатъ намояд, ҳамчунин, дастрасӣ ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро дар ҷараёни гузаронидани корҳои дар боло нишондодашуда қатъ кунад. Дар ҳолати қатъ будани дастрасӣ ба Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва ё сервис дар муддати фосилаи муайяни вақт (беш аз 6 соат), Институт бо истифода аз имкониятҳои буда Истифодакунандаро дар ин хусус огоҳ менамояд.
4.2 Институт ҳуқуқ дорад ба суроғаҳои электронии нишондодаи Истифодакунанда бо розигии худи Истифодакунанда ахбори иттилоотӣ бифиристад. Истифодакунанда вазифадор аст барои худ дастрасӣ ба Интернет ва маблағгуорӣ ба трафикаро мустақилона таъмин намояд.
4.3 Истифодакунанда кафолат медиҳад, ки Порталро бо мақсадҳои шахсии ғайритиҷоратӣ истифода намояд.
4.4 Истифодакунанда дар назди шахсиятҳои сеюм барои фаъолиятҳои худ, ки алоқаманд бо истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” аст, ҷавобгар аст, аз ҷумла, агар чунин фаъолиятҳо ба қоидавайронкунӣ ва халалдорсозии манфиатҳои қонунии шахсиятҳои сеюм оварда расонад. Ҳамчунин, Истифодакунанда барои риояи қонунгузорӣ ҳангоми истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, аз ҷумла, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷавобгариро ба зимма мегирад.

5. Маводҳои Истифодакунанда. Маводҳои шахсони сеюм
5.1 Бо истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, Истифодакунанда метавонад маводҳои сохтаашро ҷойгир кунонад. Дар айни ҳол, Истифодакунанда ҳуқуқи шахсии худро дар сохтани маводҳояш ҳифз менамояд ва ҷавобгариро барои онҳо бар зимма дорад, аз ҷумла, дар мувофиқати мундариҷаи маводҳои ҷойгиркунонидаи вай бо қонунгузории ҷории ФР, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷавобгарӣ дар назди шахсиятҳои сеюм оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои фардии шахсиятҳои сеюм.
5.2 Истифодакунанда маводҳои худро дар сайт ҷой дода, ба дигар шахсон ҳуқуқи ғайриистисноии истифода онҳоро дар ҳудуди Портал бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ пешниҳод менамояд.
5.3 Институт ҳуқуқ дорад, ки ҷойгиркунонии маводҳоро ба Истифодакунанда иҷозат надиҳад, маводҳоеро, ки қонунгузории ҷории ФР, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳамчунин, ҳуқуқи инфиродии шахсиятҳои сеюмро халалдор месозад, нест гардонад.
5.4 Истифодакунанда бо истифода аз хидматгузориҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дастрасӣ ба маводҳои омӯзгорон, дигар истифодакунандагон ва ё шахсони сеюмро пайдо мекунад ва ин маводро имкон дорад истифода намояд. Институт ба иттилооти ғайриэътимодбахш ё нодурусте, ки аз ҷониби истифодакунандагон дар сайти Портал ҷойгир карда шудаанд, ҷавобгар нест.
5.5 Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” тавассути иқтибосоти гиперматнӣ дастрасӣ ба захираҳои дигар веб-сайтҳоро пешниҳод менамояд, дар айни ҳол, маъмур барои иттилоот ва маводҳои дар веб-сайтҳои беруна ҷойгиркунонида ҷавобгар нест. Институт дар мавриди дастрасӣ пайдо кардан ба веб-сайтҳо, маводи беруна ва истифодаи онҳо ҷавобгар ва кафил нест.
5.6 Иқтибос кардани веб-сайти беруна, маҳсулотҳо, хидматгузорӣ, сервис, иттилооти дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷойгиркунонидашуда аз ҷониби веб-сайтҳои беруна, маҳсулотҳо ва хидматгузориҳои мазкур маъқул дониста ва маслиҳат дода намешавад. Истифодакунанда бо он розӣ аст, ки Институт барои пахши рекламае, ки мумкин аст дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷойгир карда шавад, ҷавобгар ва вазифадор нест.

6. Маҳдудият оид ба истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”
6.1 Истифодакунанда ҳақ надорад ҳама гуна мавод ва иттилооти дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро нусхабардорӣ кунад, бикашад (скачат бикунад), дар ҳар пахшкунандае ҳифз кунад, интиқол диҳад ва паҳн намояд. Истифодакунанда, ҳамчунин, ҳақ надорад маводҳо ва иттилооти Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро шаклбардорӣ ва осонтар намояд.
6.2 Истифодакунанда ҳақ надорад хидматгузориҳо ва сервисҳои ба Портал дастрасро нусхабардорӣ, ҳифз ва паҳн кунад, ғайр аз ҳолатҳое, ки чунин амр ба таври равшан дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ё сервиси мувофиқаткунанда муқаррар гардида бошад.
6.3 Истифодакунанда ҳақ надорад Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро бо чунин мақсадҳо истифода бикунад:
- барои ҷойгиркунонӣ ва ё паҳн кардан, пур кардан (загрузка), иқтибос кардан, интиқоли контент бидуни надоштани ҳуқуқ дар чунин корҳо ва ё ягон муносиботи шартномавӣ;
- барои ҷойгиркунонӣ ва ё паҳн кардан, пур кардан (загрузка), иқтибос намудан ва интиқол додани маводҳо ва иттилооте, ки ғайриқонунӣ ва зараровар ба ҳисоб мераванд ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шахсони сеюмро халадор месозанд; таҷовуз, дуруштӣ, нафрат ва ё поймолкунии ҳуқуқ аз рӯйи аломатҳои нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, забонӣ, динӣ ва иҷтимоиро тарғиб мекунанд; маълумоти бардурӯғ ва ё таҳқир нисбат ба шахсони мушаххас, ташкилотҳо ва мақомоти давлатиро дар бар мегиранд; аз унсурҳо ё тарғиботи порнографӣ ва эротикаи кӯдакон иборат мебошанд, реклама ё ташвиқоти хидматгузориҳои хусусияти фаҳшдошта (аз ҷумла дар намуди дигар хидматгузориҳо)- ро муаррифӣ менамоянд, тартиби истеҳсол, истифода ё тарзи дигари бакорбарии маводи мухаддир ё монанд ба онҳо, ашёи тарканда ё дигар силоҳ ва, ҳамчунин, дигар ҳолатҳое, ки аз ҷониби қонунгузорӣ манъ шудаанд;
- ҷамъ ва ҳифзи ғайриқонунии маълумотҳои шахсии дигар Истифодакунандагони Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”;
- ҷойгиркунонӣ ва ё паҳн кардани маводи тарғиботӣ, спама, иттилоот оид ба низомҳои интернет-музд, маркетинги бисёрсатҳа-сетӣ (MLM) ба дигар Истифодакунандагони Портал ба воситаи хабарҳои шахсӣ ё дигар роҳҳо тавассути Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”;
- пур кардан, иқтибос намудан, интиқол додан ва ё бо ҳама гуна роҳҳо ҷойгиркунонӣ ва ё паҳн кардани ягон навъи маводе, ки дарбаргирандаи вирус ё дигар кодҳои компютерӣ, файлҳо ва барномаҳои барои вайронкунӣ, несткунӣ ё маҳдудкунии вазифаи ҳар компютер ё дастгоҳи телекоммуникатсионӣ ё барномаҳои барои дастрасии ғайриқонунӣ пайдо кардан, дастрасӣ пайдо кардан ба логинҳо, рамзҳо ва дигар воситаҳои барои дастрасии ғайриқонунӣ ба захираҳои пулии Интернет, ҳамчунин, ҷойгиркунонии иқтибосот ба иттилооти дар боло зикршуда мебошанд;
- иттилооти аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” бадастовардаро барои амалӣ гаштани фаъолияти тиҷоратиаш, баҳри ба даст овардани фоида ё барои амалӣ кардани роҳҳои ғайриқонунӣ истифода бикунад;
- қисмати барномавии Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ҳамчунин, дизайни онро нусхабардорӣ бикунад ё бо роҳи дигар истифода намояд;
- дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” маълумотҳои шахсони сеюмро бе иҷозати худи онҳо ҷойгир кунонад;
- бо ягон роҳе қисмати барномавии Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро тағйир диҳад, ягон кореро анҷом диҳад, ки ба тағйирдиҳии фаъолият ва имконияти кории Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” вобаста аст;
- ҳуқуқ ва озодии дигар истифодакунандагони Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, шахсони сеюмро халадор созад.
6.4 Новобаста ба манъи муқарраршуда, бо истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” Истифодакунанда метавонад маводеро дастрас намояд, ки метавон онҳоро дарбаргирандаи иттилооти дорои хусусияти тарғиботӣ, таҳқирӣ ё хусусияти беодобона ва, ҳамчунин, дар шакли дигар, халалдорсозандаи ҳуқуқҳои истеъмолӣ ва ё ҳуқуқу манфиатҳои шахсони сеюм ҳисоб намуд.
Дар чунин ҳолат ва, ҳамчунин, дар ҳолати пайдо намудани халалдорсозии ҳуқуқ ва ё манфиатҳои Истифодакунанда, дар алоқа бо истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва ё хидматрасониҳои он, аз ҷумла ҷойгиркунонии ғайриқонунии маводҳо аз ҷониби дигар Истифодакунандагон, бояд тавассути фиристодани огоҳномаи хаттӣ бо суроғаи - support@pushkin.institute бо баёни пурраи ҳолати вайронкунӣ хабар диҳад ва ё ба воситаи иқтибоси гиперматнӣ ба саҳифаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” маводҳоеро бифиристад, ки дарбаргирандаи ҳолатҳои халалдорсозии ҳуқуқҳо ё манфиатҳои Истифодакунанда мебошанд.
Ба Истифодакунанда мамнӯъ аст, ки қобилияти кории Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва сервисҳои онро халалдор созад.
6.5 Истифодакунанда ҳақ надорад, ки худро ҳамчун шахси дигар ё намояндаи ташкилот ва ё гурӯҳ, аз ҷумла кормандони ФГБОУ ВО “Институти давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин” ва марказҳои минтақавӣ, модераторони форумҳо бе доштани салоҳияти кофӣ ба ин ҳуқуқҳо вонамуд созад, ҳамчунин, дар сет ҳама гуна шаклҳо ва роҳҳои намояндагии ғайриқонунии шахсони дигарро истифода бикунад, ҳамчунин, бо истифода аз ваколати худ Истифодакунандагон ва Институтро дар гумроҳӣ андозад.
6.6 Институт ҳуқуқ дорад ҳама гуна маводро аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” нест бикунад ё дастрасӣ ба онҳоро дар тартиби яктарафа бе баён кардани сабаб муваққат маҳдуд гардонад.
7.Ҳуқуқҳои истисноӣ дар контенти Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”
7.1 Ҳамаи объектҳо (чизҳо)- и ба воситаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дастрасшаванда, аз ҷумла, маводи дизайн, матнҳо, маводи дарсӣ, тасвирҳои графикӣ, суратҳои ранга (иллюстратсияҳо), видео, аудио, барномаҳо, хазина (база)- ҳои маълумотҳо, курсҳо ва дигарҳо, объектҳои истисноии ФГБОУ ВО “Институти давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин” ва дигар Соҳибҳуқуқон, ки иттилоот дар бораи онҳо дар объектҳои мувофиқаткунанда ҷой дода шудаанд, ба шумор мераванд.
7.2 Истифодаи ҳама маводҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ки дар п. 1 Созишномаи Истифодабарӣ нишон дода шудаанд ва, ҳамчунин, дигар чизҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” танҳо дар чаҳорчӯби уҳдадориҳои пешниҳоднамудаи ин ё он сервис имкон дорад. Ягон нишондоди мундариҷаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва, ҳамчунин, ҳама гуна контенти дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷойгиркардашуда ба таври дигар бе иҷозати пешакии Институт ва Соҳибҳуқуқ наметавонанд истифода бишаванд.
7.3 Истифодаи мундариҷаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ва сервиси он ва, ҳамчунин, ҳама гуна маводҳо бо мақсади шахсии ғайритиҷоратӣ танҳо бо шарти муҳофизати аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқҳои наздик ба он, аломатҳои маҳсулот, дигар хабарҳо оид ба муаллиф, ҳифзи ном (ё тахаллус)- и муаллиф, номи соҳибҳуқуқ дар намуди ивазнашаванда, ҳифзи объекти мувофиқаткунанда дар намуди ивазнашаванда, иҷозат дода мешаванд. Мавридҳое истисно ба назар гирифта мешавад, ки мустақиман аз ҷониби қонунгузории ҷорӣ дида шуда бошанд.
7.4 Ҳангоми қайди маводҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” Истифодакунанда вазифадор аст, ки иқтибосҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро нишон диҳад.

8. Набудани кафолат. Ҷавобгарӣ
8.1 Институт кафолат намедиҳад, ки Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дорои ғалат нест ва, ҳамчунин, ягон навъи ҷавобгариро барои хисороти мустақим ва ғайримустақим ба зимма намегирад, ба ҷуз аз ҳолатҳои дар шакли пурра нагирифтани хидматгузорӣ, аз даст додани фоида, гум шудани иттилоот, ки ҳангоми истифодаи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” рух медиҳанд, аз ҷумла бо сабаби ғалатҳо ва осор ва, ҳамчунин, қобилияти кории сети Интернет.
8.2 Институт кафолат намедиҳад, ки Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” бо талаботҳои Истифодакунанда мувофиқат мекунад; натиҷаҳое, ки бо истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ба даст оварда мешаванд, дақиқ ва эътимодбахш хоҳанд буд; сифати ҳар кадом маҳсулот, хидматгузорӣ, иттилоот ва маводҳои истифодабарӣ, ки бо истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” дастрас мешаванд, бо чашмдошти Истифодакунанда мувофиқат мекунанд; ҳамчунин, фаъолияти якҷояи Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” бо тарҳи ягонаи таъминоти барномавӣ ва дастгоҳи Истифодакунанда кафолат дода намешавад.
8.3 Истифодакунанда барои эҳтимоли оқибати нохуши истифодаи ҳар гуна мавод ва ё иттилооти тавассути сервиси Портал дастрас, аз ҷумла, барои хисороте, ки ба компютери Истифодакунанда ё шахсони сеюм мерасад, барои аз даст рафтани маълумотҳо ё ҳар гуна зарари дигар, ҷавобгариро мустақилона ба зимма мегирад.
8.4 Ҳамаи зарарҳое, ки Истифодакунанда ҳангоми барқасдона ё бепарвоёна вайрон кардани ҳама гуна қоидаҳои Созишномаи мазкури Истифодабарӣ, содир менамояд, ҳамчунин, оқибатҳои дастрасии ғайриқонунӣ ба васоити алоқаи дигар Истифодакунанда, ФГБОУ ВО “Институти давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин”, пур карда намешаванд.
8.5 Дар ҷараёни кор бо Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, барои андармонӣ (таваққуф) ва вайрон намудан, ки дар натиҷаи бисёр кор фармудан, ҳамчунин, ба вуҷуд омадани ҳама гуна ҳолатҳои камбудӣ дар дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ, компютерӣ, барқӣ ва дигар дастгоҳҳои монанд ба онҳо, Институт ҷавобгар нест.
8.6 Институт барои фаъолияти лозимии Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, дар ҳолате ки Истифодакунанда воситаи зарурии техникӣ ва барномавӣ барои истифодабарӣ надорад, ҷавобгар нест, ҳамчунин, дар таъмин кардан бо чунин воситаҳо ҳам ҳеҷ гуна вазифадор нест.
8.7 Институт дар робита ба ҳама гуна эҳтимоли сар задани хисорот ё хисороти бавуҷудомада, ё талафоти бевоситаи алоқаманд бо ҳама гуна мундариҷаҳои Портал, бақайдгирии ҳаққи муаллиф ва маълумот дар бораи чунин бақайдгирӣ, маҳсулот ва хидматрасониҳое, ки аз сайтҳои беруна дастрас ё гирифта шудаанд, ё дигар алоқаҳои Истифодакунанда, ки вай бо истифода аз иттилооти дар Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” ҷойгиркардашуда ё иҷтибосоти захираҳои беруна дар онҳо баромад кардааст, ҷавобгар нест.

9. Вайрон кардани шартҳои Созишномаи Истифодабарӣ
  • 9.1 Ҳангоми вайрон кардани шартҳои Созишномаи Истифодабарӣ ва ё талаботҳои қонунгузории ФР, Институт ҳақ дорад, ки ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунандаро пурра муҳосира (блокировка) намояд, пешниҳоди хидматгузориҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро маҳдуд ё қатъ бикунад.
    • 9.1 Ҳангоми вайрон кардани шартҳои Созишномаи Истифодабарӣ ва ё талаботҳои қонунгузории ФР, Институт ҳақ дорад, ки ҳуҷҷати баҳисобгирии Истифодакунандаро пурра муҳосира (блокировка) намояд, пешниҳоди хидматгузориҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”- ро маҳдуд ё қатъ бикунад.
  • 9.2 Институт дар назди Истифодакунанда ё шахсони сеюм ҳангоми аз ҷониби Истифодакунанда вайрон шудани ҳама гуна қоидаи Созишномаи кунунии Истифодабарӣ ё ҳуҷҷати дигари дарбаргирандаи шартҳои истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ҳамчунин, дар ҳолати қатъшавии фаъолияти Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ки ё бо сабабҳои техникӣ, ё дигар мушкилот рух медиҳад, ҷавобгар нест.
    • 9.2 Институт дар назди Истифодакунанда ё шахсони сеюм ҳангоми аз ҷониби Истифодакунанда вайрон шудани ҳама гуна қоидаи Созишномаи кунунии Истифодабарӣ ё ҳуҷҷати дигари дарбаргирандаи шартҳои истифода аз Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ҳамчунин, дар ҳолати қатъшавии фаъолияти Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ”, ки ё бо сабабҳои техникӣ, ё дигар мушкилот рух медиҳад, ҷавобгар нест.
  • 10. Дигар қоидаҳо
10.1 Созишномаи ҷории Истифодабарӣ дар мувофиқат бо қонунгузории Федератсияи Россия мураттаб ва тафсир мешавад. Масъалаҳое, ки аз ҷониби Созишномаи ҷории Истифодабарӣ ба танзим надароварда шудаанд, дар мувофиқат ба қонунгузории Федератсияи Россия иҷозат дода мешаванд. Ҳама гуна баҳсҳои имконпазир, ки аз муносибатҳои батанзимдаровардаи Созишномаи ҷории Истифодабарӣ ба вуҷуд меоянд, мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Федератсияи Россия иҷозат дода мешаванд, дар мувофиқат бо меъёрҳои ҳуқуқии қонуни Россия. Дар ҳар ҷойи матнҳои Созишномаи ҷории Истифодабарӣ, агар ба таври аниқ ягон қонунгузории дигар қайд нагашта бошад, зери истилоҳи “қонунгузорӣ” Қонунгузории Федератсияи Россия дар назар дошта шудааст
10.2 Дар ҳолати нодуруст ҳисоб кардан ё ғайриқонунӣ шуморидани ягон қоидаи Созишномаи ҷории Истифодабарӣ, ин ба воқеӣ ва қобили қабул будан ва масъулияти ҳуқуқӣ доштани дигар қоидаҳои Созишномаи ҷории Истифодабарӣ таъсире намерасонад.
10.3 Бефаъолиятӣ аз ҷониби Институт дар ҳолати аз ҷониби Истифодакунанда вайрон кардани қоидаҳои Созишномаи ҷории Истифодабарӣ, Институтро аз ҳуқуқҳои минбаъд дидани чораи мувофиқ барои ҳифзи манфиатҳои худ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф, ки бо қонунгузории маводҳои Портали “Маълумотгирӣ бо забони русӣ” мувофиқат мекунад, маҳрум намесозад.