Қоидаҳо оид ба ҳифзи маълумотҳои шахсӣ (сиёсат нисбат маълумотҳои шахсӣ)



1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1.1. «Институти забони русии ба номи А.С. Пушкин» (минбаъд - «Оператор»), мувофиқи қонунгузории Федератсияи Россия созмондодашуда ва фаъолияткунанда, маъмур ва молики сайти www.pushkininstitute.ru (минбаъд «Сайт») баҳисобраванда, ҷонибдори бечуну чарои роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии маълумотҳои шахсии ҳар кадом истифодакунандаи дар Сайт қайдшуда – фард (минбаъд –“Истифодакунанда”) мебошад.
1.2. Тавассути Қоидаҳои Кунунӣ тартиби муносибат бо маълумотҳои шахсии Истифодакунандагони Сайт муайян карда мешавад.
1.3. Мақсади батанзимдарории муомила бо маълумотҳои шахсӣ иборат аст аз таъмини риояи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои Истифодакунандагон, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодии онҳо зимни коркарди маълумотҳои шахсӣ, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқ оид ба дахолатнопазирии ҳаёти хусусӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ дар иртибот бо зарурати гирифтани маълумот, ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ, таҳлил, ҳифзи онҳо ва дар зарурати интиқол додан (ё пешниҳод кардан)- и онҳо дар доираи муайян ба воситаи Қоидаҳои кунунӣ, ки дарбаргирандаи маълумотҳои шахсӣ барои ба даст овардани мақсадҳои қонунии фаъолияти Сайт мебошанд.
1.4. Маълумотҳои шахсии Истифодакунанда – ин иттилооте мебошанд, ки ба Истифодакунандаи мушаххас тааллуқ доранд (шахси маълумотҳои шахсӣ), аз ҷониби вай пешниҳод гардидаанд ва дар иртибот бо мақсади фаъолияти Сайт ё расонидани хидмат ба Истифодакунанда барои Сайт зарур мебошанд, аз ҷумла:
Насаби Истифодакунанда;
Номи Истифодакунанда;
  • Суроғаи почтаи электронии Истифодакунанда.
  • 1.5. Маълумот дар хусуси маълумотҳои шахсии Истифодакунанда (ғайр аз онҳое, ки ба ҳама дастрасанд) аз ҷумлаи ахбори конфиденсиалӣ, яъне махфӣ (ки ҳифзи қонунҳои асрори Сайтро ташкил медиҳад) ба ҳисоб меравад. Тартиботи махфӣ будан нисбат ба муносибати маълумотҳои шахсӣ дар чунин мавридҳо ҷудо карда мешавад:
  • дар ҳолати бемасъулият кардани онҳо;
  • бо сипарӣ шудани 50 соли муддати ҳифз;
  • дар дигар ҳолатҳое, ки аз ҷониби қонунҳои федералӣ пешбинӣ гардидаанд.
1.6. Якҷо бо маълумотҳои шахсии Истифодакунандагон, аз ҷониби Оператор ҳамаи фаъолиятҳои зарурии қонуние, ки танҳо бо бадастоварии мақсади расонидани хидмат алоқаманд аст ва Сайт барои ин мақсадҳо фаъолият мекунад, роҳандозӣ мешаванд.
1.7. Истифодакунанда аз Қоидаҳои кунунӣ огоҳӣ дорад ва ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурати объективӣ дар ҷараёни кори Сайт дар ҳолатҳои бисёр барои Оператор маҳдуд, барои иҷозати дастрасӣ ба маълумотҳои сахт шахсии муайян, барои воситаҳои барномавии шахсони сеюм – ҳамкорон ва муштариёни Сайт, розигии худро ба Оператор медиҳад. Дастрасии мазкур танҳо бо мақсади боло бурдани самаранокии фаъолияти Сайт барои расонидани хидматгузории нисбатан босифате, ки Истифодакунанда барои онҳо ба Сайт муроҷиат менамояд, таъмин карда мешавад.
1.8. Дар ҳолати тамоман ё қисман ризо набудани Истифодакунанда бо шартҳои Қоидаҳои кунунӣ, истифодаи Сайт ва сервисҳои он бояд таъҷилан манъ карда шаванд.


2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

Барои мақсадҳои Қоидаҳои кунунӣ мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Маълумотҳои шахсӣ – тамоми иттилооте, ки бевосита ё бавосита ба шахси муайян ё шахси воқеӣ (субъекти маълумотҳои шахсӣ) тааллуқ доранд;
  • истифодакунанда – шахси дар Сайт бақайдмондашуда, ки дастрасӣ ба мундариҷа ва сервиси Сайтро пайдо намудааст;
  • оператор – шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, касе, ки мустақилона ё ҳамроҳи дигар шахсон коркарди маълумотҳои шахсиро ташкил менамояд ва ё ба вуҷуд меоварад, ҳамчунин, шахсе, ки мақсадҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ, таркиби маълумотҳои шахсии ба коркард заруратдошта ва фаъолиятҳо (амалиёт)- и бо маълумотҳои шахсӣ бурдашударо муайян менамояд;
  • коркарди маълумотҳои шахсӣ - ҳама навъи фаъолият (амалиёт) ё маҷмӯи фаъолиятҳо (амалиёт)- и бо истифода аз васоити автоматӣ ё бе истифода аз чунин васоит, ки бо маълумотҳои шахсӣ ба анҷом мерасанд, аз ҷумла, ҷамъоварӣ, сабт, мураттабсозӣ, захира кардан, ҳифз намудан, аниқ кардан (азнавкунонӣ, тағйирдиҳӣ), баровардан, истифода, интиқол (паҳн кардан, пешниҳод кардан, дастрасӣ), бемасъулият кардан, муҳосира, гум кардан ва нест гардондани маълумотҳои шахсӣ;
  • паҳн кардани маълумотҳои шахсӣ - фаъолиятҳое, ки ҷиҳати ошкор намудани маълумотҳои шахсӣ барои доираи шахсони номаълум нигаронида шудаанд;
  • пешниҳод кардани маълумотҳои шахсӣ - фаъолиятҳое, ки ҷиҳати ошкор намудани маълумотҳои шахсӣ барои шахси муайян ё доираи шахсони номаълум нигаронида шудаанд;
  • муҳосира кардани маълумотҳои шахсӣ – қатъи муваққати коркарди маълумотҳои шахсӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар коркард барои аниқ кардани маълумотҳои шахсӣ зарурият дошта бошад);
  • нест кардани маълумотҳои шахсӣ – фаъолиятҳое, ки дар натиҷаи онҳо барқароркунии мундариҷаи маълумотҳои шахсӣ дар низоми иттилоотии маълумотҳои шахсӣ номумкин мегардад ва ё дар натиҷаи онҳо ҳаммолон (паҳнкунандагон)- и моддии маълумотҳои шахсӣ нест карда мешаванд;
  • бемасъулият (бекор) кардани маълумотҳои шахсӣ – фаъолиятҳое, ки дар натиҷаи онҳо бе истифода аз иттилооти иловагӣ муайян намудани тааллуқияти маълумотҳои шахсӣ ба субъекти мушаххаси маълумотҳои шахсӣ номумкин мегардад;
  • иттилоот — ахборот (огоҳиҳо, маълумотҳо) новобаста аз шакли пешниҳоди онҳо;
  • иттилооти ҳуҷҷаткардашуда— қайд кардан дар ҳаммоли моддӣ бо роҳи иттилооти ҳуҷҷаткардашуда ба воситаи реквизитҳое, ки имкони муайян намудани чунин иттилоот ё ҳаммоли моддии онро медиҳанд.


3. КОРКАРДИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ

3.1. Сарчашмаи иттилоот дар бораи ҳамаи маълумотҳои шахсии Истифодакунанда, бевосита, худи Истифодакунандаи Сайт ба ҳисоб меравад, ки маълумотҳои шахсии худро дар Сайт ё дар захираҳои ба ҳама дастрас пур менамояд.
Розигии Истифодакунанда ба коркарди маълумотҳои шахсии вай бо мақсади расонидани хидматгузорӣ, аз ҷумла, дар паҳн кардани онҳо барои муштариёни Сайт – ин иборат мебошад аз гузаштани маросими қайд дар Сайт.
Ҳамаи маълумотҳои шахсии дар кабинети шахсӣ ва профили Истифодакунанда нишондодашуда мувофиқи сабти рӯйхат маҳз тавассути худи вай бо розигии худаш пешниҳод гардидаанд. Фарзияи мазкурро танҳо худи Истифодакунанда ё шахси дигар, ки ба Оператор бо ариза дар хусуси коркарди ғайриқонунии маълумотҳои шахсии вай дар Сайт муроҷиат кардааст, рад карда метавонад.
3.2. Оператор ҳеҷ вақт аз Истифодакунанда дар хусуси тааллуқияти нажодӣ, миллӣ, назарҳои сиёсӣ, ақидаҳои динӣ ва фалсафӣ, ҳолати саломатӣ, ҳаёти маҳрамонаи вай пурсон намешавад. Бо гирифтани чунин дархост Истифодакунанда бояд бо суроғаи elearning@pushkin.institute ба Оператор муроҷиат намояд. Дар ҳолати акс Оператор барои мавҷудияти чунин маълумотҳои шахсӣ дар Сайт ҷавобгар нест.
3.3 Оператор зимни коркарди маълумотҳои шахсӣ вазифадор аст чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилотчигӣ ва техникиро барои ҳифзи маълумотҳои шахсӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ ё ногаҳонии онҳо, несткунӣ, тағйирдиҳӣ, муҳосира, нусхабардорӣ, пешниҳодкунӣ ва паҳн намудани маълумотҳои шахсӣ, ҳамчунин, барои ҳифз аз фаъолиятҳои дигари ғайриқонунӣ дар муносибат ба маълумотҳои шахсӣ, бубинад:
  • маҳдудгардонӣ ва батартибдарории ҳайати коргароне, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ доранд;
  • шиносоии коргароне, ки бевосита коркарди маълумотҳои шахсиро ба вуҷуд меоваранд, бо қоидаҳои қонунгузории Федератсияи Россия оид ба маълумотҳои шахсӣ ва бо Қоидаҳои кунунӣ;
  • амаликунонии низоми рухсатдодашудаи дастрасии истифодакунандагон ба захираҳои иттилоотӣ, воситаҳои барномавӣ-дастгоҳии коркард ва ҳифзи иттилоот;
  • қайд ва сабти фаъолиятҳои истифодакунандагони низомҳои иттилоотии маълумотҳои шахсӣ;
  • ҳифзи рамзии дастрасии истифодакунандагон ба низоми иттилоотии маълумотҳои шахсӣ;
  • истифодаи воситаҳои назорат аз рӯйи дастрасӣ ба портҳои алоқавӣ, дастгоҳҳои дохил ва хориҷ кардани иттилоот, ҳаммолҳои мошинии сабткунанда ва захиракунандагони берунаи иттилоот;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ истифода кардани воситаҳои ҳифзи хаттирамзи (криптографӣ)- и иттилоот барои таъмини бехатарии маълумотҳои шахсӣ ҳангоми интиқол додани онҳо тавассути шабакаҳои озоди алоқа ва ҳифзи онҳо дар ҳаммолҳои мошинии иттилоот;
  • ба вуҷуд овардани назорати зиддивирусӣ, гирифтани пеши роҳи мудохилаи барномаҳои зараррасон (барномаҳо-вирусҳо) ва судхӯриҳои барномавӣ ба шабакаи корпоративӣ;
  • истифода бурдани экраникунонӣ дар байни шабакаҳо;
  • пайдо кардани ҳуҷумҳо ба шабакаи корпоративӣ, ки талаботҳои муқаррарнамудаи оид ба таъмини бехатарии маълумотҳои шахсиро вайрон мекунанд ё заминаҳои ин вайронкуниҳоро ба вуҷуд меоваранд;
  • идораи мутамарказонидашуда аз болои низоми ҳифзи маълумотҳои шахсӣ;
  • нусхабардории захиравии иттилоот;
  • таъмини барқароркунии маълумотҳои шахсӣ, ки дар натиҷаи дастрасии ғайриқонунӣ ба онҳо тағйир дода шудаанд ё нест гардонда шудаанд;
  • ҷойгиркунонии воситаҳои техникии коркардҳои маълумотҳои шахсӣ дар андозаи марзҳои ҳифзшаванда;
  • нигоҳдории воситаҳои техникии муҳофизат, сигнализатсияи бино дар ҳолати омодабоши домӣ;
3.4. Истифодакунанда вазифадор аст, ки танҳо маълумотҳои боварибахш дар бораи худро ба Сайт пешниҳод намояд.
3.5.Коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Оператор танҳо бо мақсадҳои дар п. 1.6. Қоидаҳои кунунӣ муқарраршуда метавонад мавҷуд гардад.
3.6. Зимни муайян намудани андоза ва мундариҷаи маълумотҳои шахсии коркардшаванда, Сайт мувофиқи Конститутсияи ФР, Қонуни федералӣ аз 27.07.2006 № 152-ФЗ «Оид ба маълумотҳои шахсӣ» амал менамояд .
3.7. Дар ҳолати чунин зарурат зимни қабули қароре, ки ба манфиатҳои Истифодакунанда дахл дорад, Сайт ҳуқуқ дорад маълумотҳои шахсии аз Истифодакунанда гирифтаро ба асос бигирад, танҳо дар натиҷаи коркарди автоматикунонидашуда ё шакли электронии онҳо.
3.8. Ҳифзи маълумотҳои шахсии Истифодакунанда аз истифодаи ғайриқонунии онҳо тавассути Сайт аз ҳисоби воситаҳои худи он, ки дар қонунгузории федералӣ муқаррар гардидаанд, таъмин карда мешавад.
3.9. Дар ҳамаи ҳолатҳои мумкин қабул накардани ҳуқуқҳои ҳифз ва нигоҳдории асрори маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби худи Истифодакунанда, беэътибор дониста мешавад.


4. ИНТИҚОЛИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ

4.1. Зимни интиқол додани маълумотҳои шахсии Истифодакунанда, Сайт бояд талаботҳои зеринро риоя намояд:
4.1.1. Оид ба маълумотҳои шахсии Истифодакунанда ба шахси сеюм хабар надиҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонунгузории федералӣ муқаррар гардидаанд.
4.1.2. Оид ба маълумотҳои шахсии Истифодакунанда бо мақсадҳои тиҷорӣ бе розигии вай ба ҳеҷ ҷо хабар надиҳад. Коркарди маълумотҳои шахсии Истифодакунанда бо мақсади ба ҳаракат даровардани молу коло, кор, хидматрасонии бозор бо роҳи ба вуҷуд овардани алоқаи бевосита бо истеъмолкунандаи эҳтимолӣ тавассути воситаҳои алоқа, танҳо бо розигии пешакии худи вай-Истифодакунанда ба амал оварда мешавад.
4.1.3. Огоҳ кардани шахсоне, ки маълумотҳои шахсии Истифодакунандаро гирифтаанд, дар ин хусус ки ин маълумотҳо танҳо ба он мақсадҳое истифода шаванд, ки барои онҳо нигаронида шудаанд ва аз он шахсон талаб намудани тасдиқи он ки ин қоида аз ҷониби онон риоя гардидааст.
4.1.4. Шахсоне, ки маълумотҳои шахсии Истифодакунандаро гирифтаанд, вазифадоранд, ки тартиби махфӣ (конфиденсиалӣ) будани онҳоро риоя намоянд.
4.1.5. Ба вуҷуд овардани интиқоли маълумотҳои шахсии Истифодакунанда дар доира ва мувофиқати Қоидаҳои кунунӣ.
4.1.6. Маълумотҳои шахсии Истифодакунандагон дар сервер дар шакли рамзӣ ва дар тартиби дастрасии маҳдуд коркард ва ҳифз мешаванд.
4.3. Маълумотҳои шахсии Истифодакунандагон метавонанд пас аз гирифтани онҳо коркарди минбаъдаро бигузаранд ва дар шакли электронӣ (ба воситаи шабакаи локалии компютерӣ) ба ҳифз интиқол гардонида гарданд.


5. ДАСТРАСӢ БА МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ

5.1. Оператор вазифадор аст, ки роҳ надодани дастрасии ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок ба маълумотҳои шахсии Истифодакунандагонро таъмин намояд. Зимнан, дастрасии қонунӣ ва мақсаднок ба маълумотҳои шахсии Истифодакунандагони Сайт – ин дастрасӣ ба онҳо аз ҷониби ҳамаи он шахсоне мебошад, ки дар доираи мақсадҳои фаъолият ва мавзӯи Сайти Оператор, ки дар п. 1.6 Қоидаҳои кунунӣ нишон дода шудаанд, мураттаб гардидаанд
Илова бар ин, Оператор барои эҳтимолияти ғайримақсаднок истифода бурдани маълумотҳои шахсии Истифодакунандагон, ки дар натиҷаҳои зерин ба амал меоянд, вазифадор нест:
  • нуқсонҳои техникӣ дар таъминоти барномавӣ ва воситаҳои техникӣ ва шабакаҳое, ки зери назорати Оператор қарор надоштанд;
  • дар алоқа бо истифодаи мақсадноқ ё ғайримақсадноки Сайти Оператор дар сурати бевосита аз ҷониби онҳо ба шахсони сеюм таъйин нагардидан;
  • интиқол додани рамзҳои дастрасӣ ва дигар иттилооти Сайт аз ҷониби худи Истифодакунандагон ба шахсони дигар, ки дастрасӣ ба иттилооти мазкурро надоранд;
  • фаъолиятҳои ғайриқонунии шахсони сеюм дар дастрасӣ ба маълумотҳои Сайт, аз ҷумла, маълумотҳои шахсӣ.
  • Оператор ба Истифодакунандагон кафолати пешниҳод накардани маълумотҳои шахсии онҳо ба шахсони сеюмро медиҳад, бо эълони пешакӣ, ки эҳтимол аст маълумотҳои онҳо ғайримақсаднок истифода бишаванд.
5.2. Истифодакунандаи Сайт ҳуқуқ дорад:
5.2.1. Дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ ва шиносоӣ бо онҳоро ҳосил намояд.
5.2.2. Аз Сайт аниқ кардан, хориҷ намудан ва ислоҳ кардани маълумотҳои шахсии дастрасшудаи нопурра, нодуруст, куҳна, номуътамад, ғайриқонунӣ ё маълумотҳои шахсии барои Сайт нолозимро талаб намояд.
5.2.3. Иттилооти ба коркарди маълумотҳои шахсии вай дахлдорро дастрас намояд, аз ҷумла, инҳоро:
1) тасдиқи факти коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Оператор;
2) асосҳо ва мақсадҳои ҳуқуқии коркарди маълумотҳои шахсӣ;
3) мақсад ва роҳҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Оператор;
4) ном ва ҷойи Оператор, маълумот оид ба шахсоне, ки (ғайр аз кормандон) дастрасӣ ба маълумотҳои шахсиро доранд ё касоне, ки тавассути онҳо маълумотҳои шахсӣ дар асоси шартнома бо Оператор ё дар асоси қонунгузории федералӣ метавонанд ошкор гарданд;
5) маълумотҳои шахсии коркардшавандае, ки ба субъекти мувофиқаткунандаи маълумотҳои шахсӣ тааллуқ доранд, сарчашмаи дастрас шудани онҳо, агар ягон тартиботи дигари пешниҳод кардани чунин маълумотҳо аз ҷониби қонунгузории федералӣ пешбинӣ нашуда бошад;
6) муддати коркарди маълумотҳои шахсӣ, аз ҷумла, муддати ҳифзи онҳо;
5.2.4. Ба мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои субъекти маълумотҳои шахсӣ ё мувофиқи тартиботи судӣ барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ё бефаъолиятӣ дар коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии вай аз болои Сайт арзу шикоят намудан.


6. ҶАВОБГАРӢ

6.1. Кормандони Сайт, ки дар вайрон кардани тартиботи муомила бо маълумотҳои шахсӣ гунаҳгор дониста шудаанд, мувофиқи қонунҳои федералии Федератсияи Россия ба ҷавобгарии низомӣ, идорӣ, ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.