Сиёсати конфиденсиалӣ (махфӣ)


Сиёсати конфиденсиалии шахсҳои додашуда (минбаъд - Сиёсати конфиденсиалӣ дар сайти шабакаи Интернет бо суроғаи: www.pushkininstitute.ru (минбаъд - Сайт), ки ФГБОУ “Институти забони русии ба номи А.С. Пушкин (минбаъд – “Оператор”) онро дар мувофиқат бо қонунҳои Федератсияи Росиия сохтааст ва маъмуру соҳиби он ба шумор меравад, аз Истифодакунанда ҳангоми истифода Сайт метавонад хидматгузорӣ (сервис) ва маводи дар он ҷойдодашударо бигирад.
Бақайдгирӣ дар Сайт, ҳамчунин, истифодаи сервисҳои Сайт ва маводи дар он ҷойгиршуда ризогии бечунучарои Истифодакунанда бо Сиёсати мазкури конфиденсиалӣ ва шартҳои конфиденсиалии дар он қайдшударо нишон медиҳад. Дар ҳолатҳои норизоӣ бо ин шартҳо Истифодакунанда бояд аз истифодаи сервисҳо ва хидматрасониҳои он худдорӣ намояд.

1. Қоидаҳои умумӣ
1.1. Дар чаҳорчӯби Сиёсати мазкури конфиденсиалӣ зери мафҳуми иттилооти конфиденсиалӣ фаҳмида мешавад:
1.1.1. Иттилооти шахсӣ, ки истифодакунандагон ҳангоми бақайдгирӣ (сохтани ҳисоботи бақайдгирӣ) ё дар ҷараёни истифодаи сервисҳо ва маводи Сайт, аз ҷумла, додани маълумоти шахсӣ: насабномаи истифодакунанда, номи вай, суроғаи почтаи электронии истифодакунандаро дар бораи худ мустақилона пешниҳод менамоянд. Номгӯйи маълумотҳои шахсии ба Истифодакунанда пешниҳодшуда метавонад бо роҳи дар Сиёсати конфиденсиалӣ дохил кардани тағйирот васеътар гардад.
1.1.2. Маълумотҳое, ки бо роҳи автоматӣ дар ҷараёни истифодаи онҳо тавассути барномаи таъминотие, ки дар дастгоҳи истифодакунандагон гузошта шудааст, аз ҷумла, IP-адрес, маълумотҳои файлҳои cookie, иттилоот дар бораи браузери истифодакунандагон (ё барномаи дигаре, ки тавассути он даромадан ба сервис амалӣ мегард), тавсифи техникии дастгоҳ ва таъминоти барномае, ки истифодакунандагон ба кор мебаранд, сана ва вақти даромадан ба сервис, суроғаҳои саҳифаҳои пурсидашуда ва дигар иттилооти ба инҳо монанд.
1.1.3 Иттилооте, ки Истифодакунанда дар ҷараёни омӯзиш гирифтааст ва барои вай дар Сайт дастрас аст.
1.2. Сиёсати мазкури конфиденсиалӣ танҳо дар Сайти www.pushkininstitute.ru. Истифода бурда мешавад. Сайт сайтҳои шахси сеюмро, ки тавассути онҳо истифодакунандагон метавонанд ба ишораву истиноди ба Сайти www.pushkininstitute.ru. дастрас гузаранд, назорат намекунад ва масъулиятро бар дӯш намегирад.
1.3. Ҳангоме ки оператор дастрасӣ ба иттилооти конфиденсиалии истифодакунандагонро пайдо кард, вазифадор аст, ки конфиденсиалӣ-ниҳон будани онро таъмин намояд, ба шахсҳои сеюм накушояд ва иттилооти шахсиро бе ризогии истифодакунанда паҳн накунад, агар чизи дигаре дар қонуни федералӣ аз 27.07.2006 № 152-ФЗ “Оид ба маълумотҳои шахсӣ” ва Сиёсати мазкури конфиденсиалӣ қайд нагардида бошад.

2. Мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти конфиденсиалӣ
2.1. Оператор танҳо он иттилоотро ҷамъ ва ҳифз менамояд, ки барои мақсадҳои дарихтиёргузории сервисҳо ва хидматрасониҳо заруранд, иттилооте, ки Сайт барои он амал мекунад, ғайр аз ҳолатҳое, ки аз ҷониби қонун зарурати ҳифзи иттилооти конфиденсиалӣ дар муддати пешниҳоднамудаи қонун пешбинӣ мегардад.
2.2. Сайт иттилооти шахсии Истифодакунандаро бо мақсадҳои зерин мураттаб месозад:
2.2.1. идентификатсия (баробар кардан)- и Истифодакунандаи дар Сайд қайдшуда, барои расонидани хидматҳое, ки дар Сайт пешбинӣ гардидааст;
2.2.2. пешниҳоди дастрасии Истифодакунанда ба манбаъҳои шахсикунонидаи Сайт;
2.2.3. бо Истифодакунанда барқарор кардани алоқаи тарафайнӣ, аз ҷумла, роҳнамоии хабарҳо, дархостҳое, ки алоқаманд бо истифодаи Сайт мебошанд, расонидани хидмат, коркарди дархостҳо ва аризаҳои Истифодакунанда;
2.2.4. муайян кардани ҷойи ҷойгиршавии Истифодакунанда барои таҳлили омории талаботи хидматрасонии Сайт;
2.2.5. тартиб додани қайдномаи ҳисоботӣ барои гирифтани дастрасӣ ба хидматрасониҳои Сайт, агар Истифодакунанда барои тартиб додани қайдномаи ҳисоботӣ ризогӣ дода бошад;
2.2.6. кӯмак пешниҳод кардан ба Истифодакунанда ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилоти алоқаманд бо истифодаи Сайт.

3. Шартҳои коркард ва ҳифзи иттилооти конфиденсиалии истифодакунандагон
3.1. Коркарди иттилооти конфиденсиалӣ бе вақти маҳдудшуда бо ҳар роҳи қонунӣ ба вуҷуд оварда мешавад, аз ҷумла, бо истифода аз васоити автоматизатсионӣ ё гирифтаҳои электронӣ.
Коркарди маълумотҳои шахсии Истифодакунандагон дар мувофиқат бо Қонуни федералӣ аз 27.07.2006 N 152-ФЗ “Оид ба маълумотҳои шахсӣ” (сиёсат дар муносибати маълумотҳои шахсӣ) амалӣ мегардад.
Зери коркарди маълумотҳои шахсӣ – тамоми амалиёт ё маҷмӯи амалиёт қарор доранд, ки бо истифода аз васоити автоматизатсия ё бе истифода аз чунин васоит бо маълумотҳои шахсӣ рафтор карда мешаванд, аз ҷумла: ҷамъоварӣ, сабт, банизомдарорӣ, ҳифз, муайянгардонӣ (азнавкунонӣ, тағйирдиҳӣ), кашида гирифтан, истифода, гузаронидан (паҳн кардан, пешниҳод кардан, дастрасӣ пайдо кардан), бехусусият кардан, бастан, дур кардан ва нест кардани маълумотҳои шахсӣ.
3.2. Ҳангоми гум кардан ё ифшо кардани маълумотҳои шахсӣ Оператор Истифодакунандаро дар хусуси гум шудан ё фош гардидани маълумотҳои вай огоҳ месозад.
3.3. Ҳангоми гум кардан ё ифшо кардани маълумотҳои махфӣ Оператор масъулиятро бар дӯш намегирад, агар иттилооти мазкури конфиденсиалӣ:
3.3.1. то гумшавӣ ё ифшогардиашон оммавӣ гардида бошанд;
3.3.2. хабари мазкур то ба Оператор расидан аз шахси сеюм расида бошад;
3.3.3. бо ризогии худи Истифодакунанда ифшо шуда бошад.
3.3. Оператор барои ҳифзи конфиденсиалии иттилоот аз дастрасии ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ ба он, аз несткунӣ, тағйирдиҳӣ, муҳосиракунӣ (блокировка), нусхабардорӣ, пешниҳодгардонӣ, паҳнгардонии иттилооти конфиденсиалӣ, ҳамчунин, аз дигар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар муносибат бо махфӣ будани иттилоот чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилотчигӣ ва техникӣ мебинад.
3.4. Оператор дар якҷоягӣ бо Истифодакунанда барои бартараф кардани хисорот ва дигар пайомадҳои манфӣ, ки сабабгори нестшавӣ ё паҳншавии иттилооти конфиденсиалӣ мегарданд, чораҳои зарурӣ мебинад.
3.5. Оператор вазифадор аст:
3.5.1. иттилооти шахсии гирифташударо қатъиян барои мақсадҳое истифода кунад, ки дар Сиёсати конфиденсиалӣ нишон дода шудаанд; 3.5.2. ҳифзи махфӣ нигоҳ доштани иттилооти конфиденсиалиро таъмин намояд, онро бе розигии пешакии хаттии Истифодакунанда фош насозад, ҳамчунин, ба фурӯш, иваз намудан, чоп кардан ё бо дигар воситаҳои мумкин ифшо сохтан, ғайр аз он чи дар Сиёсати конфиденсиалӣ нишон дода шудааст, роҳ надиҳад;
3.5.3. чораҳои зарурии эҳтиёткориро баҳри ҳифзи иттилооти конфиденсиалии шахсии Истифодакунанда дар мувофиқат бо тартиботе, ки одатан барои ҳифзи чунин иттилоот дар фаъолияти кории ҷорӣ истифода мешавад, биандешад;
3.5.4. аз лаҳзаи муроҷиат ё дархости Истифодакунанда ё худ мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсонҳои дорои маълумоти шахсӣ, дар муддати тафтиш ҳангоми пайдо кардани маълумоти шахсии нодуруст ё фаъолиятҳои ғайриқонунӣ муҳосира кардани маълумоти шахсиро, ки ба Истифодакунандаи мувофиқаткунанда тааллуқ дорад, таъмин намояд.
3.6 Оператор ҳифзи конфиденсиалии иттилоотро дар шакле, ки имконияти муайян намудани Истифодакунандаро ҳамчун соҳиби маълумотҳои шахсӣ (на ғайри мақсади мураттаб сохтани иттилооти конфиденсиалӣ) медиҳад, таъмин намояд. Иттилооти шахсии коркардшуда пас аз анҷом расидани мақсади мураттабсозӣ ё тамом шудани зарурат ба он бояд нест карда шавад ё бемасъулият гардонида шавад.

4. Шартҳо ё тартиботи интиқоли иттилооти конфиденсиалӣ ба шахсҳои сеюм
4.1. Дар муносибат ба иттилооти конфиденсиалии Истифодакунанда махфӣ будани он ҳифз карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки худи Истифодакунанда барои дастрасии умумӣ иттилооти шахсиашро мехоҳад дар дастрасии доираи бемаҳдуди одамон қарор бидиҳад. Ҳангоми истифода аз сервисҳои алоҳидаи Сайт Истифодакунанда ба он розигӣ медиҳад, ки қисми муайяни иттилооти конфиденсиалии вай дастрасии умум дошта бошад.
4.2. Оператор дар ҳолатҳои зерин ҳқуқ дорад иттилооти шахсии Истифодакунандаро ба шахсҳои сеюм интиқол намояд:
4.2.1. Агар истифодакунанда ба чунин кор розигии шахсӣ диҳад;
4.2.2. агар ин интиқол барои Истифодакунандаи сервиси муайян ё хидматгузории Сайт зарур бошад;
4.2.3. агар ин интиқол дар қонунгузории Россия ё дигар қонунгузориҳои истифодашаванда дар чорчӯбаи амалиёти қонунгузорӣ пешбинӣ шуда бошад.

5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Истифодакунанда
5.1 Ҳуқуқи Истифодакунанда:
5.1.1 Гирифтани иттилооте, ки ба мураттабсозии иттилооти шахсии тааллуқ дорад, аз ҷумла, маълумоти шахсӣ; Ҳуқуқи Истифодакунанда ба дастрасии маълумоти шахсиаш танҳо дар мувофиқат бо қонунгузории федералӣ маҳдуд карда мешавад;
5.1.2 Аз Оператор аниқ кардани иттилооти шахсии худ, аз ҷумла, маълумоти шахсиро, муҳосира ё нест кардани онҳоро дар сурате ки агар маълумоти шахсӣ нопурра, куҳна, ноаниқ бошанд ё ғайриқонунӣ гирифта шуда бошанд ё худ барои мақсади мураттаб сохтан зарурӣ ҳисоб нашаванд, ҳамчунин, дидани чораҳои зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшро талаб бикунад;
5.2 Уҳдадориҳои Истифодакунанда:
5.2.1. Иттилооти лозимӣ дар хусуси маълумоти шахсиро ба Сайт пешниҳод намояд;
5.2.2 Иттилооти пешниҳоднамуда дар хусуси маълумоти шахсиро дар ҳолати ворид шудани тағйирот ба иттилооти мазкур нав кунад ва пурра намояд.

6. Шартҳои иловагӣ
6.1. Оператор ҳақ дорад ба Сиёсати ҷории конфиденсиалӣ бе розигии Истифодакунанда тағйирот ворид намояд.
6.2. Сиёсати нави конфиденсиалӣ аз замони ҷойгир намудани он дар Сайт эътибор пайдо мекунад, агар чизи дигаре дар он аз ҷониби худи Сиёсати конфиденсиалӣ таҳрир нашавад.
6.3. Дар Сиёсати ҷории конфиденсиалӣ ва муносибати байни Истифодакунанда ва Роҳбарияти Сайт қонунгузории ҷории Федератсияи Россия истифода бурда мешавад.
6.4. Ҳамаи мулоҳизаҳо ва масъалаҳои оид ба Сиёсати ҷории конфиденсиалӣ бояд ба - support@pushkin.institute хабар дода шаванд.
6.5. Сиёсати амалкунандаи конфиденсиалӣ дар саҳифаи зери суроғаи: www.pushkininstitute.ru/confidentialy_terms ҷой дода шудаанд.
6.6. Сиёсати ҷории конфиденсиалӣ қисми ҷудонашавандаи Созишномаи Истифодакунанда ба ҳисоб меравад, ки дар саҳифаи зери суроғаи: www.pushkininstitute.ru/user_agreement ҷой дода шудааст, ҳамчунин, дар Фармон оид ба ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки дар саҳифаи зери суроғаи: www.pushkininstitute.ru/privacy_policy ҷой дода шудааст.